САФАРИ НАХУСТИНИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА ЛАТВИЯ, ЛИТВА ВА ЭСТОНИЯ
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи аввали моҳи феврали соли равон бори аввал барои боздиди давлатӣ ба Латвия сафар хоҳад кард. Дар ин бора сардори раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Сардори давлати Тоҷикистон дар Латвия бо Президенти ин мамлакат Валдис Затлер мулоқот анҷом медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафараш дар Латвия ба Брюссел рафта, дар маҷлиси Комиссияи Аврупо ширкат меварзад. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боздиди расмии давлатӣ ба Литва ва Эстония хоҳад рафт. Давлат Назриев зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба мамлакатҳои соҳили баҳри Балтика сафар мекунад. Қайд карда шуд, ки дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро гурӯҳи калони роҳбарони вазорату идораҳо ва соҳибкорону тоҷирон ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ҳар яке аз мамлакатҳои зикршуда мулоқотҳои тоҷирону соҳибкорон гузаронида мешаванд. Тибқи нақша дар ҷараёни сафар имзои силсилаи ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ пешбинӣ гардидааст, гуфт Д.Назриев.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






