САФИРИ НАВИ ФАРОНСА ДАР ҶТ
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). – Сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани 26 январ ба Душанбе меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон иттилоъ доданд. Анри Зиппер де Фабиани аз соли 2003 то 2006 ба ҳайси сафири Фаронса дар Сараево ва аз соли 2006 то ин ҷониб Котиби генералии Комиссияи миллӣ оид ба бартараф намудани минаҳои зидди пиёдагард фаъолият кардааст. Анри Зиппер де Фабиани дорои маълумоти олии сиёсатшиносӣ буда, дар баробари ин, забоншинос, аз ҷумла забонҳои ҳиндӣ ва арабӣ мебошад. Ёдрас мекунем, ки Анри Зиппер де Фабиани сафири пешина Метланда Пеленро, ки зиёда аз ду сол дар Тоҷикистон фаъолият дошт, иваз мекунад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






