САЙРЕ БА ОЛАМИ ГУЛҲО
Душанбе, 16 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Чаманистон» — чунин ном дорад китоби нави шоираи ҷавон ва рангинхаёл Хиромони Неъматзод, ки дар нашриёти «Андеша» бо теъдоди 500 нусха чоп гардид. Китоби мазкур аз 4 боб «Қиссаи малика Меҳрофарин ва мулки Меҳробод», «Расидани гулҳое, ки бо ҳам баҳс ва гуфтугӯ мекарданд», «Расидани гулҳое, ки бо одамон ва байни якдигар рози дил мекарданд» ва «Хотимаи қиссаи малика Меҳрофарин ва Меҳрон» иборат аст. Шоира дар китоб зебоӣ ва таровату дилнишинии гулҳои гуногунро ба риштаи назм кашидааст, ки аз хусусияти хоси эҷодӣ ва тахайюлоти рангини Хиромони Неъматзод шаҳодат медиҳад. Достони мазкур дар пайравии «Баҳориёт»-и Сайидои Насафӣ навишта шуда, хонандаро зимни мутолиа ба сайри олами рангини гулҳо ва зебоӣ мебарад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






