САРМОЯГУЗОРИИ ХОРИҶӢ БА ИҚТИСОДИ ПОЙТАХТ АФЗОИШ МЕЁБАД
Душанбе, 15 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти пойтахт дар соли 2008-ум 167,1 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Тибқи нишондодҳои оморӣ он нисбат ба соли 2007-ум 1,6 маротиба зиёд аст. Қисми асосии сармояи хориҷӣ, аниқтараш 136,4 миллион доллар ба соҳаи сохтмон ва 30,9 миллион доллар ба соҳаи алоқа равона гардидааст, ки ин шаҳодати баланд гардидани сатҳи эътимоди сармоягузорони хориҷӣ аз вазъи микроиқтисодӣ ва макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳамзамон саҳми сармоягузорони хориҷӣ дар рушди соҳаҳои саноат, хоҷагии манзил ва савдо назаррас аст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






