САРМОЯГУЗОРОН АЗ ПАРДОХТИ АНДОЗИ МАҲАЛЛИ ОЗОД МЕШАВАНД?

Январь 20, 2009 16:03

               Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар соли равон дар пойтахт ба истифодадиҳии 150 ҳазор метри мураббаъ манзил ба нақша гирифта шудааст. То ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ин нишондод солона то 200 ҳазор метри мураббаъ расонида хоҳад шуд.                Дар робита Раиси шаҳри Душанбе Маҳмасдаид Убайдуллоев дар ҷаласаи васеи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гуфт, ки — барои ноил гардидан ба ҳадафҳои созанда, шаҳрдорӣ бо мақсади ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ, пеш аз ҳама сармояҳои ҳамватанони бурунмарзӣ тамоми шароитҳоро фароҳам меорад. Баҳри ҳавасмандӣ роҳбарияти шаҳр омодааст, ки ҳамчун имтиёз онҳоро аз пардохти андозҳои маҳаллӣ озод намояд.                Раиси шаҳр масъулини соҳаро муваззаф сохт, ки барои ҳар чӣ зудтар ба анҷом расонидани таҳрири нави Нақшаи генералии шаҳр озмуни такрории баййналмилалӣ ҷиҳати дарёфту интихоби пудратчии он эълон намоянд. Ҳамзамон, М. Убайдуллоев ба масъулини Кумитаи заминсозӣ ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт дастур дод, ки ҷиҳати интихоби қитъаи замин барои сохтмони 2 бинои 20 ошёна ҳамчун армуғони пойтахт ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии раиси шаҳр пешниҳод ирсол созанд.

Январь 20, 2009 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад