САРМОЯИ МУСТАҚИМ АФЗОИШ МЕЁБАД

Январь 28, 2009 16:00

               Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Дар бобати таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар, такмили сиёсати инвеститсионӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани сармоягузориҳо аҳамияти калон дода мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон 51 лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 5 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медиҳад», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралиев.              Ӯ афзуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта ҷиҳати маблағгузории 12 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ бо ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ созишномаҳои навро ба имзо расонид, ки маблағи умумии онҳо 540 миллион сомонӣ буда, 315 миллион сомонии он қарзҳои бебозгашт мебошанд.            Мавриди ёдоварист, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат таъкид кард, ки азхудкунии саривақтии маблағҳои ҷудошуда, иҷрои босифати корҳо дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ва идоракунии самараноки раванди татбиқи лоиҳаҳо ҳанӯз пурра таъмин карда намешавад. Аз ин рӯ, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зарур аст, ки доир ба ҷалби сармояи мустақими дохиливу хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ чораҳои зарурӣ андешад.              Фаррух Ҳавмралиев мӯътақид бар он аст, ки аз рӯи нишондодҳои шартномаҳо бо ташкилотҳои молиявӣ ва донорҳо соли ҷорӣ ҷалби сармояи мустақим ду маротиба афзуда, ҳавасмандии ширкатҳои хориҷӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ низ вусъат дода хоҳад шуд.  

Январь 28, 2009 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар