САРВАРИ ДАВЛАТ ДЕВИД ПЕТРИУСРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ
17 январи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарфармондеҳи Нерӯҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Девид Петриусро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар робита ба фаъолияти нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон баррасӣ шуд.«Тоҷикистон қарори роҳбарияти Амрикоро оид ба зиёд намудани шумораи низомиёни худ дар Афғонистон пурра дастгирӣ мекунад», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки мубориза бо маводи мухаддир низ бояд ба салоҳияти нерӯҳои эътилофӣ ҳамроҳ карда шавад.Девид Петриус ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд. Барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва мусоидат ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии он, аз ҷумла муҳайё намудани ҷойҳои корӣ аз роҳҳои асосии таъмини ҳаёти осоишта дар ин кишвар маънидод гашт. Мусоҳибон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои миёни сохторҳои дифоӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Амрико ва рушди ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






