ШӮРОИ АМНИЯТИ СММ ВАЗЪИЯТИ ВОҲАИ ҒАЗЗАҲРО МУҲОКИМА МЕКУНАД

Январь 4, 2009 11:42

         Ню – Йорк,  4  январ. (АМИТ «Ховар» —  Синхуа). —  Шӯрои  амнияти  СММ  қарор  қабул  кард, ки  вобаста ба  муташанниҷ  гардидани  вазъияти   воҳаи  Ғаззаҳ  машварати  ғайринавбатӣ  гузаронад. Аз  рӯи  натиҷаҳои  онҳо  дар  бораи   даъвати  маҷлиси   расмии   Шӯрои  амният  қарор  қабул  карда  хоҳад  шуд. Тавре  хабар  дода шуда буд, ҳайати  Лубнон   қабл  аз  ин,  31  декабри соли  2008  аз  номи  гурӯҳи  мамлакатҳои  араб  ба  маҷлиси  ғайринавбатии   Шӯрои  Амният  лоиҳаи  қатъномаро  пешниҳод  намуд.  Дар  он   амалиёти  ҳарбии  Исроил  дар  воҳаи  Ғаззаҳ  шадидан  маҳкум  карда,  аз  он   даъват  ба  амал  оварда  мешавад, ки   зӯроварию  амалиёти  ҳарбиро  дар  ин  ҷо  фавран  қатъ  намояд.        Тибқи  хабарҳои  расида,   қисмҳои  ҳарбии  Исроил  шаби  гузашта,   ба  воҳаи  Ғаззаҳ  ворид  гардиданд. Бар  асари   амалиёти  якҳафтаинаи   низомии  Исроил дар  воҳаи  Ғаззаҳ зиёда  аз  450   фаластинӣ  ба  ҳалокат  расид.

Январь 4, 2009 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд