ШУДГОРИ ЗАМИНҲО АНҶОМ ДОДА ШУД
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишовазӣ, то 31-уми декабри соли 2008 тоза намудани заминҳо аз ғӯзапоя ва шудгори он дар ноҳияҳои Ҳисор ва Рӯдакӣ 100 фоиз анҷом дода шудааст. Боис ба ёдоварист, ки соли 2008 дар ноҳияи Ҳисор дар масоҳати 3231 га ва дар ноҳияи Рӯдакӣ дар масоҳати 1650 га кишти пахта гузаронида шуда буд. Бо вуҷуди он ки дар ин ду ноҳия иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро нагардид, хоҷагиҳо бо мақсади дар соли 2009 ба даст овардани ҳосили фаровони пахта, заминҳоро сари вақт аз ғӯзапоя тоза намуда, шудгори заминҳои барои кишти пахта пешбинишударо дар вақти муқарраргардида анҷом доданд. Деҳқонони ноҳияи Ҳисор баробари шудгори майдони 3231 га масоҳати 1500 гектари онро бо нуриҳои минералӣ ва органикӣ таъмин намуданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






