СОКИНОНИ ҚӮРҒОНТЕППА АЗ МУАССИСАҲОИ ФУРӮШИ БАРҚ ҚАРЗДОРАНД
Қӯрғонтеппа, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Маблағи қарзи сокинони маркази вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳисоби истифодаи қувваи барқ торафт бештар мегардад. Роҳбари муассисаи фурӯши барқи шаҳр Муслиҳиддин Исмонқулов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки сокинони шаҳр танҳо аз ҳисоби истифодаи қувваи барқ зиёда аз 2 миллион сомонӣ қарздоранд. Корхонаю муассисаҳои буҷетӣ аз ин ҳисоб қариб 200 ҳазор сомонӣ ва гурӯҳҳои имтиёздори аҳолӣ бештар аз сад ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд. Қайд карда шуд, ки мақомоти дахлдори шаҳр барои рӯёндани маблағи қарз тадбирҳо меандешанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






