СОЛИ 2008 СОДИРОТИ ГАЗИ ТУРКМАНИСТОН КАМ ШУД
Туркманистон, 7 январ. (АМИТ «Ховар» — РИА Новости).- Соли 2008 дар Ашқобод 70,5 миллиард метри мукааб газ истеҳсол карда, бештар аз 47 миллиард метри мукааби он ба мамлакатҳои хориҷӣ фурӯхта шуд. Ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда хеле кам мебошад. Масъалаи мазкур ба қарибӣ дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ муҳокима карда шуд. Маҷлиси Ҳукумат бо супориши президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гузаронида шуд. Телевизиони Туркманистон хабар дод, ки кам шудани ҳаҷми содироти газ дар соли гузашта ба коҳиши талаботи истифодабарандагони гази табиӣ дар хориҷӣ кишвар вобаста мебошад.Тибқи нақша, соли 2009 дар Туркманистон зиёда аз 75 миллиард метри мукааб газ истеҳсол карда мешавад. Бештар аз 51 миллиард метри мукааби он бояд ба мамлакатҳои хориҷӣ фурӯхта шавад. Алҳол дар бораи ба кадом давлатҳо, бо кадом нарх ва чӣ қадар фурӯхтани газ хабар дода нашудааст. Одатан, гази табиии Туркманистонро ширкати «Газпром» — и Федератсияи Русия ва Эрон мехаранд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






