СОЛИ БОБАРОР
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Роҳбари Сараёсати геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар раёсат тӯли соли 2008 дар бораи ҳамкорӣ бо корхонаю ширкатҳои геологии мамлакатҳои хориҷӣ силсилаи гуфтушунидҳо анҷом дода шуд. Аз ҷумла бо ширкати «Омега-инвест» ва «Оллн» — и Қазоқистон, ширкати «Газпром» — и Русия ва ширкати «ТВЕА» — и Чин, намояндагони агентии тиҷорат ва рушди ИМА, ширкати «Тетис» — и ИМА ва ғайра дар масъалаи гузаронидани тадқиқоти геологӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Азим Иброҳим афзуд, ки соли гузашта бо корхонаю муассисаҳои гуногун дар бораи тадқиқоти мавзеъҳои мамлакат дар бобати ошкор намудани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ якчанд қарордоду созишнома ба имзо расид.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






