СОЗИШНОМА ОИД БА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОН
Душанбе, 8 январ.(АМИТ «Ховар» Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти нозири калони гурӯҳи матбуотии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилииҶумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия Раҷаббек Илёсов, бо созмон додани Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии Вазорати корҳои дохилӣ, дар қаламрави Федератсияи Россия баргузории вохӯриҳои кормандони хадамоти мазкури Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва шинос намудани онҳо бо қонунҳои амалкунандаи ин кишвар, ба баланд шудани сатҳи дониши ҳуқуқии онҳо ёрӣ расонид. Дар натиҷа хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз марзи Россия кам гардид. Дар радифи ҳамкориҳо, роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират бо роҳбарияти Корхонаи давлатии автомобилбарории «Соллерс»-и Ҷумҳурии Тотористон ҷиҳати таъмини ҷойи кор созишнома ба имзо расонид, ки ба фаъолияти бемонеаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон мусоидат намуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






