СЎҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ Э. РАҲМОН БО М. АҲМАДИНАЖОД
Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод сўҳбати телефонӣ баргузор гардид.Сарварони ду кишвари дўст масоили вазъи ҳозира ва дурнамои рушди равобити дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб барои таъмини тавсеа ва густариши бемайлони ин равобит чораҳои мушаххас хоҳанд андешид. Рафти сохтмони пружаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетикӣ ва нақлиётӣ баррасӣ шуд ва ҷонибҳо иродаи худро ҷиҳати қабл аз мўҳлати пешбинишуда ба итмом расонидани онҳо изҳор намуданд.Зимни гуфтугў мавзўъҳои ҳамкориҳои низомиву амниятӣ дар маркази таваҷҷўҳи тарафайн қарор доштанд. Сарварони ду кишвар таъмини тамосҳои доимии роҳбарони ниҳодҳои қудратиро амри зарурӣ ҳисобида, мавриди ниёз будани инкишоф ва рушди чунин ҳамкориҳоро бори дигар таъкид намуданд.Масоили минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷўҳи тарафайн низ аз мавзўҳои муколамаи телефонӣ буд. Президенти Тоҷикистон баргузории ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро (ЭКО) таъйид намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ширкат дар ин ҷаласа иброз дошт.Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дарназардошти вазъи душвори зимистони имсола дар Тоҷикистон омодагии ҷониби Эронро ҷиҳати ба кишвари мо расонидани кўмаки бародарона иборат аз сўзишвориву дигар маводи мавриди ниёз изҳор намуд ва ин ибораҳои ў аз ҷониби Сарвари Тоҷикистон бо сипосу қадрдонӣ истиқбол гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






