СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ДОИМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СММ

Январь 27, 2009 16:52

                    Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Сироҷиддин Аслов дар маҷлиси СММ сухан карда, гуфт, ки бӯҳрони ҷаҳонии озуқа ба шароити зиндагии аз се ду ҳиссаи оилаҳои мамлакат таъсири манфӣ расонд. Вай зикр намуд, ки Тоҷикистон дар давоми солҳои 2007 — 2008 дар баробари болоравии нархи озуқа, ҳавои сарди зимистони қаҳратун ва камобиро аз сар гузаронд. Ин вазъият сабаби ба миён омадани бӯҳрони энергетикӣ ва озуқа гардид.                     Соли 2008 дар Тоҷикистон нархи қисми зиёди навъҳои озуқа баланд гардид, аз ҷумла, нархи биринҷ 73 фоиз, нархи шир 43,8 фоиз, нархи гӯшти гов 24,6 фоиз ва нархи картошка 8 фоиз баланд шуд. С.Аслов изҳор намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда бо назардошти захираю имкониятҳои худ кӯшиш ба харҷ медиҳад.                      Ба Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти соҳаҳои ҳаётан муҳим — маориф ва тандурустӣ, инчунин пешрафти соҳаҳои ёрирасони фаъолияти давлатӣ, кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқа кӯмаки байналхалқӣ зарур аст, — гуфт вай.                      С.Аслов пешниҳод намуд, ки ҳамроҳи СММ, созмонҳои дигари байналхалқӣ ва мамлакатҳои мададгори Тоҷикистон барои амалӣ сохтани Барномаи миллии стратегии рушди Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005 — 2015 нақшаи тадбирҳо таҳия карда шавад. Вай афзуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо мамлакатҳои шарику мададгор ва созмонҳои байналхалқӣ барои амалӣ сохтани барномаҳое манфиатдор мебошад, ки ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбат расонда тавонанд.                                                                                                                                  Тарҷумон — Қудратов А.   

Январь 27, 2009 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид