ТАҒЙИРОТҲОИ КАДРИ ДАР МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН
Субҳи имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурўъ намуд. Дар ҷараёни он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2008 мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор гирифта, вазифаҳо барои соли равон муайяну мушаххас мегарданд.Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумат, роҳбарони сохторҳои давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳою корхонаҳои давлатӣ, бонкҳои саҳҳомӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд.Чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маҷлис изҳор дошт, дар рафти он ҳисоботи роҳбарони тамоми мақомоти давлатии зикргардида шунида мешаванд ва оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда, аз ҷумла баҳри коҳиш додани таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.Нахуст ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода шунида шуд.Зимни таҳлилу баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла, зикр гардид, ки дар соли 2008 маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 7,9% афзуда, ба 17 миллиарду 609,3 миллион сомонӣ баробар шуд. Сатҳи таваррум дар соли сипаригашта 11,8%-ро ташкил дод. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 13,3% афзуда, ба 4 миллиарду 549,6 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз пастравии ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар солҳои охир изҳори нигаронӣ намуда, баҳри ислоҳи ин вазъият супоришҳои қатъӣ дод.Дастур дода шуд, ки дар зарфи 12 рўзи оянда нақшаи чорабиниҳо баҳри дастгирии сохторҳои истеҳсолоти воқеӣ таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ наҷмуддинов дар ҳисоботи худ ба масоили татбиқи сиёсати молиявии давлатӣ ва иҷрои Буҷети давлатӣ дар соли 2008 ва соли ҷорӣ таваҷҷўҳи асосӣ зоҳир намуд.Қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2008 96,6% (нисбат ММД 28,3%) иҷро шуд, ки дар натиҷа профитсити он (аз ҳисоби даромадҳо ва хароҷоти ҷорӣ) нисбат ба ММД 1,9%-ро ташкил дод.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои буҷетӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.Сипас ҳисоботи Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солиев шунида шуд.Зикр гардид, ки бо вуҷуди барзиёд иҷро шудани нақшаи умумӣ ҷамъоварии 4 намуди андозҳо пурра таъмин карда нашуд, ки маблағи камомад 43 миллион сомониро ташкил дод. Кумитаи андоз ҳамчунин иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҷамъовари маблағҳои иловагии андоз таъмин карда натавонист.Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солиев бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифа озод карда шуд.Сардори Хадамоти гумрук Гурез Зарипов зимни ҳисоботи худ иттилоъ дод, ки ақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 130% иҷро карда шуд ва маблағи иловагии ба Буҷети давлатӣ воридшуда 365 миллион сомониро ташкил дод.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони гумрук баҳри кори пурсамар арзи сипос намуда, дастур дод, ки соли ҷорӣ ҷамъоварии 100 миллион сомонӣ маблағҳои иловагии гумрукиро таъмин намоянд. Роҳбари маркази татбиқи лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба таҳкими гумрук Анваршо Музаффаров аз вазифа озод карда шуд.Ба директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Давлаталӣ Ҳотамов зимни ҳисоботаш супориш дода шуд, ки баҳри пешгирӣ аз воридот, истеҳсол ва фурўши маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ дар бозори дохилӣ чораҳои қатъӣ андешанд. Дар ҳисоботи Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки маблағҳо барои қарздиҳии хурд дар соли ҳисоботӣ 57% афзуда, шумораи қарзгирандагони хурд ба 166 ҳазор нафар расид, ки ин нисбат ба соли 2007 9 ҳазор нафар зиёд аст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ў баҳри ҷоннок намудани сиёсати пулию қарзӣ, назорати сатҳи таваррум дар иқтисодиёт ва саҳми бонкҳо дар коҳиш додани таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар супоришҳои қатъӣ дод.Ҳамчунин ҳисоботи Раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва роҳбарони дигар дигар бонкҳои саҳҳомӣ шунида шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» — ро намунавӣ арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти он арзи сипос намуд ва дастур дод, ки таҳлилҳои судбахши бонкиаш ба аҳолӣ ва бонкҳои дигар пешкаш карда шавад.Дар ҳисоботи Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фарух Ҳамралиев ва роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 51 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи беш 4,5 миллиард сомонӣ амалӣ мешаванд, 12 лоиҳаи нав ба имзо расидааст, ки татбиқашон оғоз меёбад ва 32 лоиҳаи дигар дар ҳоли омўзишу баррасии сармоягузорон қарор доранд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки корҳо баҳри ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар ва суръат бахшидани татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда ҷоннок карда шаванд.Сипас ҳисоботи Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Шариф Самиев, Раиси КВД «Тоҷикгаз Фатҳиддин Мўҳсиддинов, Роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиксемент» Маҳмадраҳим Каримов ва роҳбарони як қатор корхонаҳои дигари саноатӣ шунида шуд.Зикр гардид, ки соли 2008 тавассути ба кор даровардани даҳҳо корхонаҳои нав ва барқарор намудани истеҳсолот дар 68 корхонаи мавҷудаи саноатӣ 3621 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мушкилоти энергетикии кишвар дастур дод, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ на камтар аз 50 нерўгоҳи хурди обӣ бунёд ва кор супурда шавад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз талафоти зиёди нерўи барқ, ки асосан аз ҳисоби аҳолӣ аст ва ҳаҷми он дар соли 2008 2,9 миллиардро ташкил додааст, изҳори нигаронӣ намуда, ба мардуми кишвар муроҷиат намуд, ки маблағҳои истифодабарии барқро саривақт ва пурра пардохт намоянд. Ба андешаи ў бе ҷамъоварии дурусти ин маблағ таъмини рушди пешрафти соҳаи энергетика, аз ҷумла сохтмон ва нигоҳубини нерўгоҳҳои барқӣ ғайриимкон аст.«Дар ҳоле, ки мардуми Тоҷикистон дар соли 2008 868 миллион сомонӣ барои истифодаи телефонҳои мобилӣ харҷ намудаанд, наход барои пардохти ҳаққи истифодабарии нерўи барқ, ки масъалаи ҳаётан муҳим аст, маблағ наёбанд», бо қатъият изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Барои роҳ додани ба камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарию идорӣ Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Шариф Самиев, Раиси КВД «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мўҳсиддинов ва Роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиксемент» Маҳмадраҳим Каримов аз вазифа озод карда шуданд.Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.