ТАҚДИРИ ШЕРБАЧАҲО ҲАНӮЗ МАЪЛУМ НЕСТ
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Тавре хабар дода шуда буд, 28 сентябр дар Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе аз ду сар шер якбора чор шербача ба дунё омад. Ин дар таърихи боғи ҳайвоноти пойтахти Тоҷикистон воқеаи ягона мебошад. Дар маъмурияти Боғи ҳайвонот ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки қабл аз ин дар ин ҷо аз ҳама бештар ду шербача таваллуд шуда буд. Дар назари аввал таваллуди шербачаҳо дар боғи ҳайвонот воқеаи хурсандибахш менамояд. Вале онҳо барои кормандони боғи ҳайвонот баъзе мушкилиҳоро пеш оварданд. Аз ҷумла ҳар чор шербача ҳар рӯз камаш 10 килограм гӯшт мехӯрад. Инчунин барои нигоҳ доштани онҳо дар боғи ҳайвонот ҷои мувофиқ нест. Хулоса, боғи ҳайвоноти Душанбе барои нигоҳубини онҳо имконият надорад. Ғайр аз ин дар боғи ҳайвонот нигоҳ доштани 6 сар шер ҳоҷат нест. Бинобар ин маъмурияти боғи ҳайвонот қарор дод, ки шербачаҳоро ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Ялта дода, ба ивази онҳо аз ин ҷо кенгуру гирад. Қайд карда лозим аст, ки Боғи ҳайвоноти Душанбе бо Боғи ҳайвоноти Ялта созишномаи ҳамкорӣ имзо кардааст. Қабл аз ин қарор дода шуда буд, ки шербачаҳо ба сирки давлатӣ дода шаванд. Вале дар ин ҷо ҳам барои нигоҳубини онҳо шароит вуҷуд надорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки як ҳафта пеш дар Боғи ҳайвонот боз як хирсбача, як гург ва як шағол ба дунё омаданд. Тақдири минбаъдаи онҳо низ маълум нест.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






