ТАҶЛИЛИ ИДИ МАВЛУДИ ИСОИ МАСЕҲ
Душанбе, 7 январ. ( АМИТ «Ховар» — Кабар).- Насрониёни пайрави мазҳаби православӣ имрӯз иди мавлуди Исои Масеҳро таҷлил менамоянд. Мувофиқи ривоятҳои динӣ, Исои Масеҳ дар наздикии шаҳри Вифлеем ба дунё омадааст. Модари ӯ Марияи муқаддас, духтари бокира буда, Исоро бо қудрати илоҳӣ дар яке аз ғорҳо таваллуд кард. Ӯ баъди ба дунё омадани Исо ӯро дар охури аспон гузошта, барои шустушӯ ба ҷустуҷӯи об баромад. Исоро аввалин шуда чӯпонон диданд. Баъд коҳинон ба зиёрати писари Худо омада, ба ӯ ҳамчун подшоҳ тилло, ҳамчун фарзанди Худо бухури хушбӯй ва ҳамчун инсони хокии миранда ҷавдор тӯҳфа карданд. Насрониён қабл аз таҷлили иди мавлуд 40 рӯз рӯза мегиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






