ТАҶЛИЛИ СОЛИ БАЙНАЛХАЛҚИИ НАХИ ТАБИӢ
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 22 январ дар қароргоҳи марказии муассисаҳои озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Соли байналхалқии нахҳои табиӣ расман эълон карда шуд. Ҳадафи маъракаи мазкур беҳтар сохтани шароити зиндагии коргаронест, ки нахҳои табииро истеҳсол карда, аз он газвор ва либос тайёр мекунанд. Ҳар сол дар миқёси ҷаҳон 30 миллион тонна нахи табиӣ истеҳсол карда мешавад, ки даромади он 40 миллиард доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ҷаҳон дар як сол 25 миллион тонна нахи пахта ва 2,2 миллион тонна нахи пашмӣ истеҳсол карда мешавад. Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008 — ум 7,7 фоизи ҳаҷми умумии нахи пахтаи дар мамлакат истеҳсолшуда ба мамлакатҳои дигар фурӯхта шуд. Нархи миёнаи нахи пахта соли гузашта нисбат ба соли 2007 — ум 146 доллар боло рафт ва нархи як тоннаи он 1295 доллари ИМА — ро ташкил дод. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр мекунад, ки Соли байналхалқии нахҳои табиӣ дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






