ТАЛАБАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ АЛМААТО ШИРКАТ МЕВАРЗАНД
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 14 то 20 январи соли равон дар шаҳри Алмаато олимпиадаи талабагон аз рӯи фанҳои математика, физика ва информатика баргузор мегардад. Дар он аз мамлакатҳои ИДМ ва ҷаҳон қариб 80 дастаи мунтахаб иштирок менамояд. Директори гимназия – интернати муштараки бачагони боистеъдоди Русия ва Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ҳотамов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки аз Тоҷикистон дар ин олимпиада ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявии соли гузашта баргузоргардида – талабагони синфҳои 9 – 11 – и ҳамин гимназия Олимҷони Пирмаҳмад, Муҳаммадҷон Шоев, Шоҳин Саъдуллоев, Ҷаҳонгир Рустамзода, Шамсиддин Кабиров, Беҳрӯз Афзалӣ ва Қобил Ҳақназаров иштирок хоҳанд кард. Ғайр аз ин дар олимпиадаи мазкур талабагони се литсеи муштараки Тоҷикистону Туркия ширкат меварзанд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






