ТАЛАБОТИ СОЛОНАИ НАФАҚА 11 МИЛЛИОН СОМОНӢ

Январь 19, 2009 14:25

          Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Ваҳдат ба мухбири АМИТ «Ховар»иброз доштанд, ки дар шӯъбаи мазкур 17638 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 14789 нафарашон гирандагони нафақаи меҳнатӣ ва 2849 нафарашон гирандагони нафақаи иҷтимоӣ мебошанд.          Талаботи солонаи нафақа дар ноҳия 11 миллиону 466,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар соли 2008 иҷрои нақшаи нафақаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия 107,3 фоиз таъмин гардидааст, ки он 7 миллиону 486 ҳазор сомонӣ (ба ҷойи 6 млн. 978 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил дод. Маблағи дар соли 2008 ба фонди ҳифзи иҷтимоии ноҳия воридгардида нисбат ба соли 2007 ба миқдори 1 миллиону 962 ҳазор сомонӣ зиёд  шуд.

Январь 19, 2009 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид