ТАЪЛИМ ДАР ВАГОНҲО ХОТИМА МЕЁБАД
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки маблағгузорӣ аз буҷа барои соҳаи маориф дар соли 2009 имкон медиҳад, ки таъмир ва азнавсозии мактабҳое, ки дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо ҷойгиранд пурра ба синфхонаҳои замонавӣ иваз карда шаванд. Дар соли 2009 барои сохтмони мактабҳо ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ дар буҷа 146,2 млн.сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои таъмир ва азнавсозии мактабҳое, ки дар хонаҳои шахсӣ ҷойгир шудаанд 14,0 млн. сомонӣ ҷудо карда мешавад. Барои сохтмони навбати дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои соли 2009 аз буҷа 10 млн. сомонӣ равона мегардад. Ин як мисоли хурд нишони он аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷӯҳи махсус зоҳир меамояд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






