ТАЪРИХИ БЕШ АЗ САД-СОЛАИ МАТБУОТ

Январь 30, 2009 16:20

                Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Китоби нави олимони шинохта Иброҳим Усмонов ва Давлат Давронов бо номи «Таърихи журналистикаи тоҷик» имрӯз дар меҳмонхонаи «Каён» муаррифӣ карда шуд. Китоби мазкур бо маблағгузории Институти кушодаи- Фонди Сорос дар матбааи «Азия принт» аз чоп баромад. Дар он таърихи беш аз садсолаи матбуот ва рӯзноманигории тоҷик, лаҳзаҳои асосии ҳаракати демократӣ дар Осиёи Миёна, ташаккул ва инкишофи матбуоти ҳизбию шӯроӣ, пайдоиш ва ташаккули матбуот, радио ва телевизиони мустақил таҳлил шудааст. Инчунин муҳимтарин нашрияҳои ба забони тоҷикӣ ва соири забонҳои кишвар нашр шуда, масъалаҳои муҳими матбуот таҳлилу инъикоси худро ёфтааст.                 Ин китоб бо номи «Таърихи матбуоти тоҷик» бори аввал соли 1997 чоп шудааст. Дар нашри нав муаллифон онро ба куллӣ такмил карданд.

Январь 30, 2009 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид