ТАРКИШ ДАР БАҒДОД
Бағдод, 5 январ. (АМИТ «Ховар» — Вести . Ру.). – Рӯзи гузашта дар қисмати шимолу шарқии шаҳри Бағдод таркиши шадид ба амал омад. Бомба дар назди даромадгоҳи мақбараи муқаддаси шиаҳо – мақбараи шайх Мӯсо Алқозимӣ тарконда шуд. Имрӯзҳо маҳалли атрофи мақбараи мазкур хеле серодам мебошад, зеро пайравони мазҳаби шиа ба иди Ошуро тайёрӣ дида, ба зиёрати мақбараи мазкур омодагӣ мегиранд. Террористон аз ҳамин фурсати қулай истифода бурда, бомбаро дар ҷои серодам тарконданд. Дар натиҷаи таркиш 38 кас ҳалок ва бештар 55 нафар маҷрӯҳ шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






