ТАВСИЯИ ОЛИМОНИ ПОМИР БАРОИ ХОҶАГИҲОИ БАДАХШОН
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Олимони стансияи таҷрибавии кишоварзии «Помир» дар соли 2008 муайян намуданд, ки дар шароити Кӯҳистони Бадахшон, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 1800- 2000 метр ҷойгир аст, навъҳои гандуми тирамоҳӣ, аз ҷумла; «Қазокистон-15», «Атоӣ-85», «Султон-95» ва «Истиқлол» дар ин ҷо аз ҳар гектар 35-40 сентнерӣ ҳосил дода метавонанд. Олимони стансияи таҷрибавии «Помир» барои деҳқонони хоҷагии деҳқонии «Рӯшон» 1,5 тонна тухмии хушсифати гандуми навъи «Стекловидная-24»-ро барои кишти баҳорӣ дар соли 2009 пешкаш намуданд. Олимони стансияи таҷрибавӣ бори аввал дар баландии 1800 метр аз сатҳи баҳр бади ғунучини ҷав барои кишти такрорӣ парвариши сабзиро тавсия намуданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






