ТЕЪДОДИ ЗИЁДИ ДОРУҲОИ ҚАЛБАКӢ НОБУД КАРДА ШУД

Январь 22, 2009 10:09

                Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дода шуд, ки дар давоми соли 2008 — ум 339 тонна доруҳои қалбакӣ мусодира ва несту нобуд карда шуд.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯзҳо дар Швейтсария маҷлиси 124 — уми Кумитаи иҷроияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ давом дорад.                Дар он таъкид шуд, ки истеҳсол ва хариду фурӯши ғайриқонунии дору имрӯз ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон таҳдид менамояд. Тибқи хабари дафтари матбуоти СММ, ҷинояткорон аз ҳисоби истеҳсолу фурӯши доруҳои қалбакӣ даромади калон ба даст меоранд. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, маблағи даромади онҳо то соли 2010 ба 75 миллиард доллар мерасад. Инчунин маъно дорад, ки истеҳсоли доруҳои калбакӣ соли 2010 нисбат ба соли 2005 ду баробар меафзояд.                                                                                                                                                  Тарҷумон — Қудратов А.   

Январь 22, 2009 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд