ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ 57 ФОИЗ ТАЙЁР АСТ
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Масъалаи кишту ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ба омодагии техникии он вобаста аст,- иброз доштанд дар Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Аз рӯи ҳисоботи оморӣ, аз 3261 адад тракторҳои шудгоркунанда 1863-тои онҳо омодаи кор аст,ки ин 57 фоизи техникаи мавҷударо ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон 51 фоиз, ноҳияи Рӯдакӣ 48 фоиз,Шаҳринав-47, Файзобод-41, ноҳияи Турсунзода-40, Тоҷикобод-40 ва ноҳияҳои Роғун 29 фоизро ташкил медиҳад. Бо чунин омодагӣ ҳини гузаронидани кишти баҳорӣ дар соли 2009 хоҷагиҳо ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Аз ин ҷиҳат, кори омода сохтани техникаи шудгоркунанда дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ (фермерӣ) зери назорати доимӣ буда, роҳбарони хоҷагиҳо вазифадор карда шудаанд, ки корро дар ин самт беҳтар намоянд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






