«ТОҶИКФИЛМ» НАҚША ДОРАД, КИ ДАР БОРАИ ИМОМИ АЪЗАМ ФИЛМИ МУСТАНАДЕ РӮИ НАВОР ОРАД
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Киностудияи «Тоҷикфильм» дар давоми соли 2008 як қатор филмҳои ҳунарӣ ва мустанадро рӯи навор овард. Филмҳои истеҳсолшуда асосан ба мавзӯъҳои мушкилоти мухталифи айём, тарғиби сифатҳои беҳтарини инсонӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, филми ҳунарии «Тири тақдир» драмаи оилавӣ буда, иродаи қавӣ ва ишқи покро тараннум менамояд. Филми ҳунарии «Нишони зиндагӣ» мушкилоти соҳаи маорифро дар бар гирифта, тамоюли маҳалгароӣ ва дигар дардҳои ҷомеа ва соҳаро ошкор ва маҳкум мекунад. Филми ҳунарии «Гумгаштапайдо» дар ситоиши қудрати меҳри фарзанд ба модар ва талоши ҳаёти оилавӣ бахшида шудааст, — иброз намуд зимни нишасти матбуотӣ раиси К;умитаи телевизион ва радиои Ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмонов. Бахшида ба ҷашнҳои муҳими ҷумҳурӣ филмҳои мустанади «Малоҳати Шашмақом», «Одамушшуаро Рӯдакӣ», «Пайвандгари дилҳо», «Ёди ёри меҳрубон», «Таронаҳои меҳр» ва «Бо муҳаббат ба каломи русӣ» ба навор гирифта шуданд. Асадулло Раҳмонов умед кард, ки дар соли 2009 аз тарафи «Тоҷикфилм» бахшида ба соли Бузургдошти Имоми Аъзам филмҳои нави мустанад таҳия мегарданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






