TJ | RU | EN | AR | FAR
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар»). — Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» ба Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди «Тоҷиктрансгаз» табдил дода шуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» имрӯз аз маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.