ТОҶИКИСТОН ҚАРЗҲОИ БЕРУНИИ ХУДРО БАРМЕГАРДОНАД
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба журналистон хабар дод, ки Тоҷикистон қарзи худро аз Хазинаи байналхалқии асъор дар давоми даҳрӯзаи аввали моҳи феврал бармегардонад. Вай зикр намуд, ки қисмати охирини қарзи Хазинаи байналхалқии асъор ба маблағи 7 миллион доллари ИМА тибқи мӯҳлати муқарраршуда 5 феврал баргардонда хоҳад шуд. Бонки миллии ҷумҳурӣ соли 2008 қарзҳои берунии худро аз Бонки тиҷоратии Қазоқистон, Бонки марказии Олмон, Бонки тиҷоратии Русия ва Хазинаи байналхалқии асъор ба маблағи 232,6 миллион доллари ИМА баргардонд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






