ТОҶИКИСТОН ОИД БА ПЕШГИРИИ ТАЪСИРИ БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ ОМОДААСТ
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Имрӯз қариб тамоми мамлакатҳои ҷаҳон бо бӯҳрони молӣ рӯ ба рӯ гардидаанд. Тоҷикистон дар ин масъала то кадом андоза омода аст? Доир ба ин мавзӯъ мухбири АМИТ «Ховар» сӯҳбате дошт бо вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов.Ба андешаи коршиносон, бӯҳрони иқтисодии молиявӣ метавонад ба бисёр кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонад. Рӯй додани ин ҳолат дар Тоҷикистон ҳам имконпазир аст?Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст, ин бӯҳрони молиявӣ мебошад. Имрӯз оид ба пешгирии бӯҳрони молиявӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ кард ва вазорати молияи ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи ин чорабиниҳо тамоми чораҳоро меандешад. Қайд кардан зарур аст, ки дар соли ҷорӣ вазъияти дар бозори молиявии ҷаҳонӣ ба амал омада боиси даровардани тағйирот дар Буҷети Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишондодҳои макроиқтисодӣ дар соли 2008 намегардад. Нишондодҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи мӯътадил нигоҳ дошта шуда, иҷроиши буҷети давлатӣ барзиёд таъмин гардида истодааст. Инчунин захираҳои дохилии молиявӣ ва асъори бонкҳо низ ба қадри зарурӣ афзоиш ёфтааст. Боиси зикр аст, ки вазъияти молиявии ҷумҳурӣ ва сиёсати андозу буҷет, пулию қарзӣ дар ҳуҷҷатҳои таҳлилии ташкилотҳи молиявии байналмиллалӣ низ ба таври мусбӣ арзёби гардидаанд. Барои пешгирӣ намудани ин вазъият пеш аз ҳама бояд барои дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, такмил додани сиёсати андозу буҷет, таъмин намудани устувории фишангҳои молию пулӣ ва системаи бонкӣ чораҳои зарурӣ андешида, захираҳои дохилии молиявиро афзун намоем. Аз ин лиҳоз сиёсати буҷети давлатӣ дар соли оянда ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона мегардад. Қисми асосии буҷети 2009 асосан ба кадом соҳаҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат нигаронида шудааст? Бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳаҳои реалии иқтисодиёт дар буҷет 2400 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои рушди соҳаи сӯзишворию энергетикӣ дар соли оянда 928,3 миллион сомонӣ ё 15,2 фоизи ҳаҷми умумии буҷет равона мегардад, ки ин ба 4,5 фоизи ММД баробар гардида, нисбат ба соли ҷорӣ 462 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Дар доираи ин маблағҳо барои сохтмони нерӯгоҳи барқии «Роғун» -532,5 миллион сомонӣ бо афзоиши 422 миллион сомонӣ, «Сангтуда -1» — 42 миллион сомонӣ ва барои корҳои лоиҳакашии нерӯгоҳи «Шӯроб» — 14 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин ҷиҳати дастгирии корҳои ҷустуҷӯи геологии нафту газ, коркарди ангишт — 7,2 миллион сомонӣ, гузаронидани корҳо оид ба безараргардонии партовҳои сӯзишвории сахти ракетаҳо ва пешгирии радиатсионии экологӣ — 3,8 миллион сомонӣ бо афзоиши зиёда аз ду маротиба равона мегардад.Барои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия дар соли оянда зиёда аз 488 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ 164 миллион сомонӣ, маблағгузории инвеститсионӣ — 159 миллион сомонӣ ва қарзи давлатӣ — 163 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ дар буҷет 353 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои татбиқи барномаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ 22,3 миллион сомонӣ, ки ин маблағ барои амалӣ намудани чорабиниҳои эпизоотӣ, мубориза бар зидди малах, хариди заҳрхимикатҳо ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ, барқарорсозии соҳаи боғу токпарварӣ, рушди соҳаи асалпарварӣ, моҳипарварӣ, чорводорӣ, инчунин барои хариди техникаи кишоварзӣ равона мегардад. Вазорати молияи ҷумхурӣ барои рушди иқтисоди миллӣ чӣ тадбирҳо меандешад?Ҳамзамон бояд гуфт, ки вазъияти душвори молиявии бонкҳоро ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти фоизҳо ва баргардонидани қарзҳо, ки мувофиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Ориёнбонк» ва ҶСП «Тоҷпромбонк» ба хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ ҷудо карда шудааст, аз якуми декабри соли 2008 то якуми марти соли 2009 тамдид карда шуд. Инчунин, дар соли оянда бо мақсади дастгирии системаи бонкӣ ба соҳаи кишоварзӣ 180 миллион сомонӣ равона карда мешавад. Дар соли 2009 бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва хизматрасонии саривақтии қарзҳои беруна «Фонди стабилизатсионии рушди иқтисодиёт» таъсис дода мешавад. Барои дастгирии соҳаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа 2640 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбати соли 2008 1340 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз ин лиҳоз, дар соли оянда назоратро оиди иҷроиши буҷет дар мадди аввал гузошта, барои ба буҷет пурра ворид намудани ҳама намуди пардохтҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ва роҳ надодан ба зиёдшавии бақияпулиҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад.