«ТОҶИКМАТЛУБОТ» СОДИРОТРО МЕАФЗОЯД
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми соли 2008 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 1 ҳазору 388 тонна сабзавот содирот шуд. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 26 январ, раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷуддин Валиев ба хабарнигорон итилоъ дод. Ӯ афзуд, ки дар ин давра ба хориҷи кишвар, бахусус Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Чин ва Ҷумҳурии Қазоқистон 31 тонна меваи тару тоза, 217 тонна меваи хушк, 110 тонна зироатҳои полизӣ, 60 тонна ангур, 695 ҳазор қуттии шартӣ консерва, 70 ҳазор дона пӯсти чорво ва 60 тонна пашм содирот шуд. Лозим ба зикр аст, ки Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо яке аз ширкатҳои бузурги Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба хариди таҷҳизоти шустушӯи пашм шартнома ба имзо расонд, ки дар як соат 550 килограмм ва дар як баст 4400 килограмм пашмро шустушӯ мекунад ва ҳамзамон, бо бастабандии 100 килограмм пресс менамояд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






