ТОҶИКОН СОЛИ 2008 ДАР МАМЛАКАТҲОИ ДИГАР 244 ҶИНОЯТ СОДИР НАМУДАНД
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Шаҳрвандони мамлакатҳои дигар дар давоми соли 2008 дар қаламрави Тоҷикистон 22 ҷиноят содир карданд, ки асосан ба қочоқ ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор вобаста мебошад. Қисми зиёди чунин ҷиноятҳоро шаҳрвандони Афғонистон содир кардаанд. Дар ин бора прокурори генералии ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Вай афзуд, ки соли гузашта шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави мамлакатҳои дигар 244 ҷиноят содир намуданд. Аз ин ҷумла 230 ҷиноят дар қаламрави Федератсияи Русия ба қайд гирифта шуд. Прокурори генералӣ таъкид кард, ки ҳамаи ин ҷиноятҳо ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор вобаста мебошанд. Солҳои охир теъдоди содир шудани ҷиноят аз тарафи шаҳрвандони тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ торафт кам мешавад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






