«ТОҶИКСТАНДАРТ» — МАҚОМЕ, КИ ДАР БАЙНИ КИШВАРҲОИ ИДМ МАҚОМИ ХОС ДОРАД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Имрӯзҳо дар тамоми мақомоти давлатӣ аз соли 2008 натиҷагирӣ ва нақшаҳоро барои соли 2009 муайян мекунанд. Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» соли 2008-ро чӣ гуна ҷамъбаст намуд ва дар соли 2009 чӣ нақша дорад? Роҷеъ ба ин масъала ва бурду бохти соҳа дар соли 2008 бо директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов мусоҳиб шудем. — Давлаталӣ Ҳотамович, тавре иттилоъ ёфтем чанде қабл бо қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои сарони ИДМ ҷиҳати фаъолияти шоиста дар тақвият ва густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзо Шуморо бо ифтихорнома қадрдонӣ намуданд. Ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Шӯрои сарони ИДМ-ро чӣ гуна пазироӣ мекунед?Мавриди зикр аст, ки моҳи октябри соли 2008 Кумитаи иҷроияи Шӯрои сарони ИДМ намояндагони мақомоти гуногуни кишварҳои аъзоро ҷиҳати фаъолияти пурсамарашон бо ифтихорнома сарфароз гардонид. Албатта, бо чунин мукофоти баланд қадршиносӣ шуданам идомаи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳа ва дастгирии он аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Дар соли 2008 оид ба беҳтар намудани фаъолияти соҳа чӣ чораҳо андешида шуданд? Бо ҳисси қаноатмандӣ метавон гуфт, ки соли 2008-ум барои ҷомеаи кишвар ва ҳамчунин Агентии «Тоҷикстандарт» соли бобаракат буд. Дар соли сипаришуда як қатор рӯйдодҳои фараҳбахшу хотирмоне ба вуқӯъ пайвастанд, ки шаҳодати қадамҳои устувор дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ мебошанд.Дар амалӣ намудани вазифаҳои стратегии мамлакат ва густариши фаъолияти соҳибкории хурду миёна, ташаккули сохтори куллан нави идоракунии иқтисодиёт ва як қатор тадбирҳои дигар дар баробари дигар мақомотҳо Агентии «Тоҷикстандарт» низ масъулияти калонро ба зимма дорад.Вазифаю мақсади мо, пеш аз ҳама таъмини нақши муассиру самарабахш ва воқеӣ дар татбиқи барномаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакат, бахусус таъмини саҳми арзандаи ҳар як корманди Агентӣ дар амалӣ намудани сиёсати Сарвари давлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешрафту тараққиёти ҷумҳурӣ ва ноил гардидану расидани мамлакатамон ба сатҳи давлати тараққикардаи дунявӣ мебошад.Соли 2008 дар Раёсати сaнҷиш ва назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи стандартҳои давлатӣ миқдори санҷишҳо нисбат ба соли гузашта 60%-ро ташкил дод. Дар ин давра 1038 партияи маҳсулот бо сабаби ғайристандартӣ буданашон ё бо сабаби надоштани сертификати мутобиқат аз фурӯш боздошта шуданд. Таҳлили натиҷаи фаъолияти Раёсати назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳатмии стандартҳо нишон медиҳад, ки санҷишҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 40% кам шудаанд. Сабаби кам гаштани санҷишҳо ин эълон намудани моратория ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна мебошад. Инчунин, дар давоми соли 2008 мутахассисони Раёсати давлатии таъминоти метрологии воситаҳои ченак дар 2179 корхонаву муассисақои ҷумҳурӣ назорати давлатии метрологӣ гузаронида, дар 189-тои он (8,7%) вайрон кардани қоида ва меъёрҳои метрологиро ошкор намуданд. 198408 адад воситаҳои ченак зери санҷиш қapop гирифта, 12304 ададаш (6,2%) бо сабаби гузаштани мӯҳлати санҷиши давлатӣ ва ё ба таъмиру иваз кардан эқтиёҷ доштан, корношоям ҳисобида шуданд. Давлаталӣ Ҳотамович, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст мавҷудияти маҳсулоти хӯрокаи пастсифат ё ғайристандартӣ дар бозорҳо ва марказҳои савдо мебошад. Мехостам андешаи худро роҷеъ ба ин масъала баён медоштед? Дар давраи ҷамъбастии соли 2008 нозирони савдои Агентӣ дар 838 ҳолат ҷиҳати пастсифат будани маҳсулот амрияҳои манъи фурӯш додаанд. Бояд гуфт, ки ҳоло ҳам дар вақти ворид намудани молҳои ниёзи мардум талаботҳои меъёрӣ риоя карда намешавад. Ҳастанд соҳибкороне, ки дар вақти ворид кардан ба ҳамсоягии молҳо диққат намедиҳанд. Дар бозорҳо бошад, равғани растанӣ дар зарфҳои истифодашудаи полиэтинелӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, ки ин ба вазъи стандартии бозорҳо таъсири муҳим мерасонад. Дар ин давра зиёда аз 223 аризаҳои шикоятии шаҳрвандон, ки мазмуни аксарияти онҳо аз паст будани сифати маҳсулот ва фиреби харидорон мебошад, санҷида шуда, ба тариқи мусбӣ ҳал карда шуданд. Нозирон ин аризаҳоро дар ҷояш санҷида, ба соҳибкороне, ки ба хунукназарӣ нисбат ба кори худ роҳ додаанд ҷарима бастанд, соҳибони аризаҳоро қаноатманд намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар соҳаи сертификатсияи маҳсулот барои соҳибкорон фазои озоди иқисодӣ муҳайё ва барои муайянсозии сифати маҳсулот дар раванди кори Агентӣ объективият бештар мегардад. Аз ҷумла, бо назардошти дар фасли тирамоҳ зиёд шудани интиқоли маҳсулоти ватанӣ, бахусус маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ба соҳибкорону тоҷирон ба таври шабонарузӣ навбатдорӣ ташкил шуда, дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ мутахассисон вобаста шудаанд. Дар баробари ин, зарур аст, ки варақаи ягона аз тарафи мақомоти сертификатсионӣ ҳангоми воридот ва содироти молҳо ҷорӣ карда шавад. Маълум аст, ки баҳри фаъолияти пурсамари соҳа озмоишгоҳҳо нақши муассир доранд, имрӯз озмоишгоҳҳои «Тоҷикстандарт» дар кадом сатҳ қарор доранд? Дуруст аст, ки дар тамоми самтҳои фаъолияти «Тоҷикстандарт» озмоишгоҳҳо мавқеи муҳим доранд. Зеро бехатарии молу маҳсулот маҳз тавассути озмоишгоҳҳо ва ташхисҳои амиқи онҳо таъмин карда мешавад. Дар давоми ду соли охир дар «Тоҷикстандарт» ва зерсохторҳои он ҷамъ 20 озмоишгоҳи нав ба фаъолият шурӯъ кард.Дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон маркази нави ташхисии замонавӣ иборат аз 6 озмоишгоҳ сохта ба истифода дода шуд. Боиси ифтихор буд, ки дар таҷлили Рӯзи Ваҳдат маркази ташхисиро Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон кушоданд.Дар давоми сол озмоишгоҳи нави зудамали ташхисӣ «ИнфраЛюм» ба кор даромад,ки дар ҷумҳурӣ ягона буда, сифати маҳсулоти гуногуни хӯрокаро дар кӯтоҳтарин муддат ба таври дақиқ аз санҷиш мегузаронад. Инчунин, рӯзхои наздик озмоишгоҳи нав бо дастгоҳи замонавии спектографи атомӣ — адсобсионӣ (САА «Квант-2А») ҷиҳозонида шуда, ба фаъолият сар кард, ки ба воситаи ин дастгоҳ қариб тамоми элементҳои системаи давриро муайян кардан мумкин аст. Дастгоҳи САА «Квант — 2А» яке аз асбобҳои дақиқ буда, ба дараҷаи атомӣ миқдори моддаҳои заҳровар, хусусан, металлҳои дар таркиби маҳсулоти хурокворӣ мавҷудбударо муайян мекунад.Айни замон таҷҳизоти озмоишгоҳҳои Агентӣ, бахусус, озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи замонавӣ ва стандартҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошанд, бо назардошти ин озмоишгоҳҳои маводи ғизоии Агентӣ барои гирифтани ваколатҳои байналхалқӣ тибқи талаботи Ташкилоти байналхалқии стандартҳо(ИСО/МЭК) омодагӣ мебинанд. Дар ин робита, се сол мешавад, ки намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Савдо бо мутахассисони озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокаи Агентии «Тоҷикстандарт» ҳамкорӣ дорад. Ҳадафи асосӣ аз ин ҳамкориҳо ваколатдор намудани озмоишгоҳи Марказии Агентӣ дар арсаи байналмиллалӣ мебошад. Нақшаҳои ояндаи «Тоҷикстандарт» ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи сифатнокии маҳсулот ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон?Имруз Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷомеаи мамлакат дар назди мо вазифаҳои наверо мегузоранд, ки таъмини суръати рушди устувори иқтисодию иҷтимоии Ватанамон аз иҷрои пайгиронаи онҳо вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар самти тоза намудани бозор ва марказҳои савдои ҷӯмҳурӣ аз маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ фаъолиятро пурзӯр намуда, дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои мамлакат адои вазифа намоем. Бояд гуфт, ки дар баробари иҷрои ин вазифаҳо дар соли ҷорӣ боз якчанд чорабиниҳои муҳим, аз қaбили ҷашни 80-солагии Агентии «Тоҷикстандарт» ва Озмуни «Маҳсулоти беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тибқи нақша гузаронидан лозим аст. Мо тасмим гирифтаем, ки дар кӯтоҳтарин муддат барномаи рушди coҳа бо назардошти бунёди тaшxисгоҳҳои нав, хариди воситаҳои асосӣ, тайёр кардани кадрҳоро омода созем.