УБАЙДУЛЛОЕВ РОҲБАРОНИ ЯК ҚАТОР ИДОРАЮ МУАССИСАҲОРО АЗ ВАЗИФА САБУКДӮШ КАРД

Январь 12, 2009 15:20

                                                                         Душанбе, 12 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар шаҳри Душанбе  «Консепсияи таҷдиди системаи энергетикии пойтахт то соли 2015» таҳия карда мешавад. Дар робита аз ҳисоби мутахассисони варзида ва кормандони сохторҳои марбутаи соҳа гурӯҳи корӣ созмон дода мешавад. Ин масъала дар ҷаласаи ҷамъбастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки 10 январ дар ҳузури  раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд,  баррасӣ гардид.        Дар ҷаласа, муовини аввали Сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов, роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи малакат ва сохторҳои шаҳрӣ иштирок доштанд.        Муовини аввали Сарвазири мамлакат таҳияи Консепсияи мазкуррро қадами устуворе дар роҳи таъмини аҳолӣ ва субъектҳои пойтахт бо нерӯи барқ, гармӣ, оби гарм  ва ҳалли дигар масъалаҳои коммуналӣ арзёбӣ кард.       Ҳамзамон дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои  ҷумҳурӣ, муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр ва субъектҳои пойтахт доир ба дастовардҳои  иқтисодию иҷтимоии пойтахт дар соли 2008 ҳисобот дода, рушди иқтисодиёти шаҳри Душанберо дар соли 2008 новобаста ба баъзе проблемаҳои ҷойдошта мусбӣ арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, маҷмӯи маҳсулоти минтақавии пойтахт дар соли 2008-ум  3295,5  миллион сомониро  ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2007-ум  7,4 фоиз зиёд аст. Саҳми пойтахт дар рушди маҷмӯи маҳсулоти умумии дохилии ҷумҳурӣ 18,7фоизро ташкил намуда, нисбати соли 2007-ум 1, 2 фоиз зиёд аст.       Дар ҷаласа раиси шаҳр як қатор роҳбарони идораю муассисаҳои пойтахт, аз ҷумла директорони корхонаи воҳиди давлатии «Душанбенақлиётхизматрасон» Хуршед Кабиров, КВД «Автобус-3» Абдухайр Алиев, сардор ва муовини раёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ-сармоягузорӣ ва амволи давлатии шаҳри Душанбе  Шоҳин Салимов ва Баҳодур Эшбоевро  бо назардошти бемасъулиятиашон аз вазифа сабукдӯш намуд. Инчунин, М. Убайдуллоев ба муовинонаш Абдуҳомид Шералиев, Рустам Раҳимов ва сардори сарраёсати молияи шаҳр Сайвалӣ Сафаров сардори КВД «Бозорҳо ва савдои шаҳри Душанбе» Асомиддин Ризоев барои рафъи масъалаҳои ҷойдоштаи соҳаашон то 20 марти соли 2009 мӯҳлат дод. 

Январь 12, 2009 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид