ВАСЛИ ХАТИ ТЕЛЕФОН ТО МУРҒОБ
Хоруғ, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Соли 2009 сифати хизматрасонии васоити алоқаи телефонӣ ба сокинони шаҳру деҳот ва идороту муассисоти ВМКБ беҳтар хоҳад шуд. Тавре, сардори идораи «Тоҷиктелеком» -и вилоят Сафар Мулкамонов иттилоъ дод, тибқи нақшаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия соли 2009 аз маркази ҷумҳурӣ тариқи ҳудуди вилояти Хатлон то ноҳияи Мурғоб, яъне дар масофаи беш аз 1000 км таҷҳизоти хати алоқа иваз карда мешавад. Кормандони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ба амалӣ гардонидани ин тадбир оғоз намуданд. Дар натиҷаи бомуваффақият пиёда гардондани ин амал, на танҳо сифати хизматрасонии алоқа беҳбудӣ меёбад, балки теъдоди бештари сокинони вилоят имконият пайдо мекунанд, ки аз шабакаи интернетӣ истифода баранд. Ҳоло дар вилоят 11 ҳазор нафар аз хизматрасонии алоқа бархӯрдоранд, баъди амалӣ гардидани ин барнома теъдоди муштариён ба маротиба меафзояд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






