ВАЗИРИ ДАВЛАТИ ҚАТАР БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Январь 14, 2009 14:45

          Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Аз вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳайати давлати Қатар таҳти роҳбарии вазири ҳамкории байналхалқӣ Холид бинни Муҳаммад Алотия 16 январ барои боздиди серӯза ба Душанбе хоҳад омад. Меҳмонон зимни сафар бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва вазири  корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот хоҳанд кард. Ҳадафи сафари онҳо ба Тоҷикистон равнақу ривоҷи муносибатҳои дуҷониба ва  ҳамкории самарабахши ҳар ду мамлакат мебошад. 

Январь 14, 2009 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад