ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ЖУРНАЛИСТОНРО ҚАДРДОНӢ КАРД

Январь 23, 2009 15:09

                 Душанбе, 23 января. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 23 январи соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти мабуотӣ баргузор гардид.                 Дар он вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов роҷеъ ба бурду бохти соҳа дар соли 2008 маълумот дода, қайд кард, ки бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пўст ва узвҳои таносул дар ҳамкорӣ бо Хазинаи глобалӣ дар 30 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҳуҷраҳои боварӣ барои табобати муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла ҷавонон оид ба табобати синдромӣ нисбат ба бемориҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, кушода шуд.                 Бояд қайд кард, ки дар 6 моҳи соли равон зиёда аз 22 000 муҳоҷири меҳнатӣ ба ҳуҷраҳо муроҷиат намудаанд, ки 70 фоизи онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.                 Барои таъмини аҳолӣ бо дорувории сифатнок ва пешгирии воридоти доруҳои қалбакию пастсифат дар соли ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумрук чораҳои зарурӣ андешида шуда, миқдори доруҳои ба қайди давлатӣ гирифташуда ва аз таҳлили сифат гузаронидашуда зиёд гардида, миқдори доруҳои ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгу набуда нисбат ба солҳои пешин кам гардидааст.                Нақшаи буҷҷети соҳаи тандурустӣ дар соли 2008-ум 255 494 ҳазор сомонӣ буда, тибқи ҳисобҳои пешакӣ иҷроиши он 247 830 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин баробар ба 97 фоиз аст.                Нусратулло Салимов дар хотимаи нишаст барои хуб инъикос намудани фаъолияти Вазорати тандурустӣ ба се нафар рӯзноманигорон, аз ҷумла рӯзноманигори ҳафтаномаи «Саломат бошед» Додохони Эгамзод, хабарнигори Агентии иттилоотии «Азия плюс» Мавҷуда Ҳасанова ва мухбири рўзномаи «Бизнес и политика» Олимҷон Қурбонов бо ҷоизаи Вазири тандурустӣ қадрдонӣ кард.

Январь 23, 2009 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!