ВАЗОРАТИ МЕЛИОРАТСИЯ ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ ВАЗИФАДОР КАРДА ШУД
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти оморӣ, соли 2008 бо сабаби хушксолӣ ва фаъолияти нопурраи пойгоҳҳои обкашӣ беш аз 100 ҳазор тонна ҳосили пахта, 60 ҳазор тонна гандум ва даҳҳо тонна меваю ангур ва дигар зироатҳои ғалладонагию полезӣ кам истеҳсол гардид. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об вазифадор гардид, ки дар соли 2009 самти корашро тагйир диҳад ва дар масъалаи таъмини заминҳо бо об корҳоеро анҷом диҳад, ки иҷрои он дар соли 2008 ба он муяссар нагардида буд. Бахусус барои бо об таъмин намудани заминҳои обии ноҳияҳои вилояти Суғд, ки тавассути пойгоҳҳои обкашӣ таъмин мегарданд, бояд сари вақт аз таъмир бароварда шаванд, таъкид гардид дар ҷаласаи васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ.Бо сабаби камобӣ соли 2008 1миллиарду 230 миллион кВт соат камтар нерӯи барқ истеҳсол гардид, ки он ба соҳаи кишоварзӣ таъсири манфӣ гузошт.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






