ЯКЕ АЗ БАРҶАСТАТАРИН ШАХСИЯТҲОИ ОЛАМИ ИСЛОМ

Январь 29, 2009 15:50

               Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам имрӯз дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ конфронси илмӣ таҳти унвони «Афкор ва осори Имоми Аъзам» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, дар он аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Конфронсро директори китобхона Шариф Тошев ифтитоҳ намуда, дар бораи вориси Паёмбари ислом — Имоми Аъзам Абӯҳанифа сухан намуд.               Ҳамчунин олимон ва кормандони китобхона дар мавзӯҳои «Шахсияти илмӣ ва иҷтимоии Имоми Аъзам, «Аҳамияти китоби «Фиқҳи Акбар»- и Имоми Аъзам дар шинохти донишҳои ақидатӣ- фиқҳӣ», оиди аҳвол ва осори лозаволи ин шахсияти барҷаста, таърихи пайдоиши равия, мазҳабҳову фирқаҳо, ба хусус мазҳаби ҳанафия маърӯза намуданд.               Дар хотима, иштирокчиён аз намоиши китоб, ки ба зиндагӣ ва осори Имоми Аъзам бахшида шуда буд, дидан намуданд.   

Январь 29, 2009 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад