ЯРМАРКА: 527 ОДАМ СОҲИБИ ҶОИ КОР
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). –Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Биржаи меҳнатии ҷавонон дар якҷоягӣ бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати аҳолии шаҳри Душанбе дар соли 2008-ум 11 ярмаркаи ҷойҳои холӣ гузаронид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар натиҷаи ин ярмаркаҳо 527 ҷавонони бекор соҳиби ҷои кори доимӣ шуданд ва 255 нафар ҷавонони майли муҳоҷирати меҳнатӣ дошта барои омӯзиш равона гардиданд. Корхона мувофиқи шартномаҳои басташуда ба субъектҳои хоҷагидори Федератсияи Русия 294 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба кор сафрбар кард.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






