ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОР
Хуҷанд, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанд ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҳафт шаҳру ноҳияи вилояти Суғд намояндагони корхонаю ташкилотҳо ширкат варзиданд. Тавре, ки ҷонишини сардори сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар вилояти Суғд Саодат Баҳоваддинова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ярмарка ба бекорон 2010 ҷойи кор пешниҳод карда шуд. Дар натиҷаи ярмарка 314 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардид, 45 нафар барои омӯхтани касбҳои нав ба омӯзишгоҳу техникумҳо фиристода шуданд. Тибқи дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оянда чунин ярмаркаҳо дар вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои мамлакат мунтазам гузаронда хоҳанд шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






