ЗАХИРАИ ОБИ ОБАНБОРИ НОРАК ТОРАФТ КАМ МЕШАВАД
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Муовини аввали вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба журналистон хабар дод, ки интиқоли транзитии қувваи барқи Туркманистон аз 1 январи соли равон ба Тоҷикистон қатъ карда шуд. Мақомоти Ӯзбекистон ба транзити қувваи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон ба воситаи қаламрави мамлакаташон иҷозат надоданд. Қайд карда шуд, ки захираи оби обанбори Норак барои истеҳсоли қувваи барқ то охири нимаи аввали моҳи феврал кифоя мекунаду халос. Айни ҳол ба обанбори Норак дар ҳар сония 122 метри мукааб об ворид мегардад, Барои истеҳсоли қувваи барқ дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак ҳар сония 440 метри мукааб об сарф мешавад. Пешгӯӣ карда мешавад, ки моҳи феврал ҳаҷми оби дарёи Вахш зиёдтар гашта, дар ҳар сония ба 200 метри мукааб хоҳад расид. Баландии сатҳи оби обанбори Норак айни ҳол 864 ,57 метрро ташкил медиҳад. Ҳол он ки аз рӯи қоидаҳои техникӣ сатҳи оби он набояд аз 857 метр паст гардад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






