ЗАНҲОИ ҚОЧОҚЧӢ
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар»).- Аз тарафи Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Борбади шаҳри Кӯлоб истиқоматкунандаи ин шаҳр Моҳтоббӣ Абдуллоева, соли таваллудаш 1976, дастгир карда шуд. Мувофиқи маълумотномаи шӯъбаи ташхиси криминалистӣ, баъди ковтукови шахсӣ аз ӯ маводи сахттаъсири героин, ки вазнаш 31 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҳангоми пурсиш М.Абдуллоева гуфт, ки ӯ ин маводро аз шаҳрванд Таҳмина Ашӯрова соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, барои фурӯш гирифтааст. Дар натиҷаи кофтукови анҷомхонаи шаҳрванд Ашурова Т. маводи бангдона, ки вазнаш 15 кг 398 гр ташкил мекунад, дарёфт намуданд. Нисбати ин нафарон парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Тафтиш идома дорад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






