100 ТАРҲИ НАВИ САРМОЯГУЗОӢ ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 9 феврал, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба суханони раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Фаррух Ҳамроалиев, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар соли 2009 садди роҳи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон нахоҳад шуд. Соли ҷорӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ беш аз 100 лоиҳа нави сармоягузориро барои сармоягузорони хориҷӣ пешниҳод карда аст. Таваҷӯҳи сармоягузорони хориҷӣ дар рушди соҳаҳои кишоварзӣ, кӯҳкорӣ, энергетика, чорводорӣ, занбӯри асалпарварӣ, моҳипарварӣ ва паррандапарварӣ сол аз сол бештар мегардад. Сармоягузорони хориҷӣ ба сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, саноати коркарди пахта, пӯст, пилла, пашм ва сементи Тоҷикистон беш аз пеш мароқ зоҳир мекунанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






