ҚОНУН АМАЛӢ МЕГАРДАД

Февраль 7, 2009 12:36

                  Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ҳанӯз соли 2005 ба тасвиб расида буд ва аз қабули он 4 сол сипарӣ шудааст. Тибқи қонуни мазкур, ташкили 4 нуқтаи озоди иқтисодӣ дар қаламрави кишвар дар назар дошта шудааст. Соли 2008 нахустин минтақаҳои озоди иктисодӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон таъсис ёфт.                 Бино ба иттилои вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода, соли ҷорӣ таъсиси боз 2 мнтақаи озоди иқтисодӣ дар назар аст, ки яке дар ноҳияи Ишкошими вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мебошад. Таъсиси 4 минтақаи озоди иқтисодӣ аз амалӣ шудани қонуни мазкур дарак медиҳад, ки он ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат карда метавонад.

Февраль 7, 2009 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад