ҲАМКОРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИДМ ВА КОТИБОТИ СААД ГУСТАРИШ МЕЁБАД
Душанбе, 26 феврал.(АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз гурӯҳи коршиносони давлатҳои ИДМ дар шаҳри Минск масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бо Котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди муҳокима қарор медиҳад. Аз дафтари Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар лоиҳаи ҳуҷҷат ба Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи ИДМ дастур дода мешавад, ки Протоколи ҳамкории кумитаи иҷроияи ИДМ ва котиботи СААД — ро имзо кунад. Ҳадафи протокол рушди ҳамкории ҳар ду созмон дар самтҳои асосӣ бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳо ва хамкории давлатҳои аъзои ИДМ ва СААД дар бобати таҳкими амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ ва тақвияти мубориза ба муқобили зуҳурот ва таҳдидҳои замони ҳозира мебошад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






