ҲАВОПАЙМОҲОИ РАЗВЕДКАИ РАДИОЭЛЕКТРОНИИ ИМА БА АФҒОНИСТОН ФИРИСТОДА МЕШАВАНД
Вашингтон, (10 феврал. АМИТ «Ховар», РБК ). — Ҳайати қумондонии Қувваҳои ҳарбии ҳавоии ИМА хабар дод, ки ҳавопаймоҳои разведкаи радиоэлектронии «Хирон» таъҷилан ба Ироқ ва Афғонистон фиристода мешаванд. Аввалин чунин ҳавопаймоҳо моҳи апрел ба ин мамлакатҳо фиристода хоҳанд шуд. Мувофиқи барномаи «Озодӣ» ба Ироқу Афғонистон 37 ҳавопаймоӣ разведкавӣ фиристода мешавад, ки арзиши умумии онҳо қариб 950 миллион доллар мебошад. Ҳавопаймоҳои мазкур аз соли 1970 сар карда, бо мақсадҳои низомӣ истифода бурда мешаванд. Намояндаи вазорати мудофиаи ИМА хабар дод, ки то имрӯз барои харидани 31 ҳавопаймо маблағ ҷудо карда шудааст. Бо кӯмаки ҳавопаймоҳои разведкавӣ маҳалли амалиёти силоҳбадастон ба осонӣ ошкор карда мешавад. Чунин ҳавопаймоҳо инчунин, барои ошкор сохтани маҳалли гузоштани бомбаю мина ва лавозимоти дигари тарканда истифода бурда мешаванд. Тарҷумон — Қудратов А.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






