ҶАҲОНПАҲЛАВОН САИДМӮЪМИН РАҲИМОВ ДАРГУЗАШТ

Февраль 13, 2009 15:42

                 Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов субҳи имрӯз дар синни 63-солагӣ бар асари сактаи дил дар шаҳри Душанбе оламро падруд гуфт.                 Даргузашти қаҳрамони ҷаҳон дар олами варзиш талафоти бузурге барои мардуми Тоҷикистон аст.Саидмӯъмин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Мински Беларус дар рақобатҳо дар вазни 100 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сарфароз шудааст.                  Воқеъан то имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи Саидмӯъмин Раҳимов нарасидааст. Вай ҳамчунин қаҳрамони дукаратаи самбои Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1973-1975) мебошад. Ӯ дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод ва дзюдо низ борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст. Саидмӯъмин Раҳимов ҳамчун сармураббии собиқи дастаҳои мунтахаби гуштии самбо ва дзюдои Тоҷикистон дар тарбияи шогирдон хизмати арзанда кардааст.Ӯ солҳои 1995-2004 дар вазифаи раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Вай то моҳи декабри соли 2008 раиси Федератсияи гуштии дзюдои Тоҷикистон буд.                  Тавре ба АМИТ «Ховар» президенти Ассотсиятсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов иттилоъ дод, фардо 14-уми феврал, соати 10-у 30 дақиқа, дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе маросими видоъ бо ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов ва ҷанозаи ӯ баргузор мешавад. Сипас бо васияти марҳум ҷасади ӯ дар зодгоҳаш — деҳаи Ҷорӯбқули ноҳияи Темурмалик — ба хок супурда хоҳад шуд.

Февраль 13, 2009 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд