ҶАРАЁНИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). — «Рушди системаи иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — таҳти ин унвон санаи 20-уми феврал дар пойтахт мизи мудаввар ба кор шурӯъ менамояд. Нишасти мазкур бо қарори вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов дар доираи амалисозии «Барномаи рушди системаи иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустии Ҷ умҳурии Тоҷ икистон барои солҳои 2006-2010» доир мегардад. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд, барномаи мизи мудавварро вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов ифтитоҳ намуда, дар кори он мутахассисони соҳа аз ВМКБ, вилоёти Хатлон ва Суѓд, шаҳри Душанбе, ҳамчунин Хазинаи Ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет, лоиҳаи ислоҳоти соҳаи танудурустии Тоҷикистон Бонки Осиёии Рушд, Бюрои Минтақавии Аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, лоиҳаи системаи иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустии Иттиҳоди Аврупо, Лоиҳаи ЗдравПлюс, Лоиҳаи тандурустии ҷомеавӣ ва заминавӣ Бонки умумиҷаҳонӣ ширкат меварзанд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






